Дирӯз бахшида ба бузургдошти падари шеъри тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва осори гаронбаҳои ӯ дар назди муҷассамаи шоир, воқеъ дар шоҳроҳи ба номи Рӯдакии шаҳри Самарқанд чорабинии адабию фарҳангӣ ва таълимоти китоби тозанашри «Рубоиёт» гузаронида шуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» ба нақл аз рӯзномаи «Овози Самарқанд» хабар медиҳад.
Тадбир дар ҳамкории ҳокимияти вилоят, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва роҳбарияти рӯзномаи «Овози Самарқанд» ташкил гардида, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, шоиру нависандагон, профессор-устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ, дӯстдорони каломи бадеъ ва ҳунарпешагон иштирокдорони ҳамоиш буданд.
Дар ин чорабинӣ иштирокдорон дар бораи рӯзгору осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори шоир, забони равон ва дилнишини шеърҳо, мавқеи Рӯдакӣ дар рушди адабиёти форсу тоҷик ва нуфузи ҷаҳонии ин устоди сухан, мазмуну мундариҷаи китоби «Рубоиёт»-и шоир, ки чанде пеш таҳти ташаббуси роҳбарияти «Овози Самарқанд» рӯи чоп омад ва рубоиёти шоирро дар ду забон- тоҷикӣ ва ӯзбекӣ фаро мегирад, суханронї намуданд.