4-уми ноябр дар идомаи сафари корӣ Фаррух Худойдодзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ аз Донишгоҳи давлатии омўзгории Беларус ба номи Максим Танк дидан намуд.
Мавсуф зимни ташриф бо Александр Маковчик, муовинони ректор оид ба корҳои таълимӣ, Александра Позняк, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва Ирина Владимировна, директори Институти такмили ихтисоси ин Донишгоҳ мулоқот намуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот дар доираи масъалаҳои дар созишномаи ҳамкорӣ дарҷгардида, ҷиҳати баргузор намудани конфронсҳои байналмилалии муштарак, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон ва табодули донишҷӯён ҷиҳати таълим ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон, Фаррух Худойдодзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ аз дастовардҳои Донишгоҳи мазкур дидан намуд.