Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден нигарониашро аз харидории Твиттер аз ҷониби соҳибкори амрикоӣ Илон Маск баён кард. Байден шабакаи иҷтимоиро ба «паҳн кардани дурӯғ ба тамоми ҷаҳон» айбдор кард, хабар медиҳад радиои «Овози тоҷик» дар такя ба хабаргузории «Reuters».
«Ҳамаи мо ҳоло нигарон ҳастем, зеро Илон Маск абзореро харид, ки дар тамоми ҷаҳон маъруф аст ва ӯ тавассути ин афзор аллакай дурӯғ паҳн мекунад», — гуфт сарвари Амрико.
Қаблан, молики нави ширкат Илон Маск гуфта буд, ки ояндаи Twitter-ро чӣ интизор аст. Ба гуфтаи миллиардери амрикоӣ, ин шабакаи иҷтимоӣ дорои потенсиали бузург аст ва ширкат метавонад дар оянда ба яке аз гаронарзиштарин шабакаҳои ҷаҳон табдил ёбад.
Ёдовар мешавем, ки Маск созишномаи хариди Twitter-ро дар охири моҳи октябр баст. Баъди ин соҳибкор шабакаи иҷтимоиро худаш роҳбарӣ карда, шӯрои директорони ширкатро пароканда кард. Вай, инчунин, тасмим дорад тақрибан нисфи кормандони ин ширкатро ихтисор кунад.