Мактабҳое, ки бо забони русӣ омузиш медиҳанд такмил меёбанд. Омӯзгорон тахассуси худро боло мебаранду донишҷӯён ба олимпиада ва озмунҳои русӣ ҷалб мешаванд.
Дар Душанбе масъалаи рушди мактабҳое, ки дар Тоҷикистон ба забони русӣ таҳсил мекунанд баррасӣ шуд.
Ин масъала дар мулоқоти муовини вазири маорифи Русия Денис Грибов ва муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода баррасӣ гардид.
Масъулони ин идораҳои давлатӣ масъалаҳои баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорони 5 мактаби нав, инчунин ҷалби хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои русиро баррасӣ намуданд.
«Чунин вохӯриҳо барои ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таълим муҳим мебошад ва мо таҷрибаи якдигарро меомузем», — шарҳ додааст Денис Грибов дар сӯҳбат бо хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон».
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон 5 мактаби русӣ ифтитоҳ ёфт. Муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ифтитоҳ шуданд.