5-уми ноябр дар идомаи сафари кории ҷавобӣ ба намояндагони донишгоҳҳои Беларус Фаррух Худойдодзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин ташриф оварда бо Сендер Анна Николаевна, ректори ин муассиса мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо зимни мулоқот дар доираи масъалаҳои дар созишномаи ҳамкорӣ дарҷгардида ва баҳри бозҳам бештар тақвият ёфтани ин масъалаҳо табодули назар намуданд.
Фаррух Худойдодзода баҳри бештар таблиғ намудани таҷрибаи илмии олимони кишвар, аз ҷумла Донишгоҳ дар курси 3-юми факултаи таърихи ин Донишгоҳ дарси намунавӣ, ки фарогири мавзуъҳои ҷолиб аз таърихи кишвар буд, баргзор намуд.
Мавсуф бо маҳорати баланди омӯзгорӣ ва донишҳои замонавӣ таваҷҷуҳи донишҷӯёни ин муассисаро ба таълимомӯзиву таҳсил дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бештар намуд.