Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар бозии дувуми дӯстона аз тими Русия шикаст хӯрд ва ҷониби меҳмон бо ҳамин «қассос»-и бохти аввали худро гирифт.
Дар Қасри теннис ва намудҳои варзиши обии Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия доир гардид.
Дастаи Русия дар бозии дувум ҳушмандиву эҳтиёткорӣ нишон дод. Тими Русия дар бозии дувум аз чанд иштибоҳҳои тими Тоҷикистон истифода бурд. Хулоса ноиби қаҳрамони Аврупо ба дарвозаи тими Тоҷикистон 6 гол зад. Бозӣ бо ҳисоби 6 ба 2 ба фоидаи тими Русия анҷом ёфт.