13-16 октябр дар Кувайт Чемпионати 4-уми Осиё оид ба варзиши сабук миёни ҷавонони то 18-сола баргузор мешавад. Аз ҷумҳурии мо дар он ду нафар – Абубакр Носиров ва Хусан Кулов иштирок мекунанд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, дар чемпионат иштироки 400 варзишгар аз 33 давлати қора дар назар аст.
Варзишгарони мо дар он Абубакр дар мусобиқаи дав ба масофаи 200 метр ва Хусан дар дав ба масофаи 1500 метр иштирок мекунанд.
Чемпионат аз рӯи 40 мусобиқа – дав ба масофаҳои 100м, 200м, 400м, 800м, 1500м, 3000м, 5000м, 110м бо монеа миёни мардҳо, 400м бо монеа, 2000м бо монеа, ҷаҳиш ба дарозӣ, баландӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, найза, гулӯла, гурз миёни мардону занон, даҳҳарба миёни мардон, инчунин этафета доир мегардад.