Имрӯз, 15 ноябр дар шаҳри Димишқ мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод доир гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва масъалаи баргардонидани шаҳрвандонамон ба Ватанро баррасӣ намуда, перомуни вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.