Ҳамасола дар Ҷумҳурии Узбекистон 18-уми октябр ҳамчун Рӯзи шаҳри Самарқанд таҷлил мешавад. Ба ин муносибат имрӯз намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар ба Самарқанд рафтанд.
Ҳайати кишвари моро ҳокими шаҳр Фазлиддин Умаров, раиси Маркази тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов пешвоз гирифтанд.
Меҳмонон дар чорабиниҳои бахшида ба рӯзи Самарқанд иштирок намуда, сафари худро бо гулчамбар гузоштан ба пойи ҳайкали Амир Темур ва ифтитоҳи меҳмонхонаи «Зарафшон» оғоз намуданд.