14 ноябри соли равон дар ҳошияи Конфронси умумиҷаҳонии нигоҳубин ва тарбияи барвақтии кӯдакон, ки дар шаҳри Тошканд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO) баргузор карда шудааст, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо Вазири таълими томактабии Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот доир намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Насриддинзода Р. Ҳ. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи раҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев, муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таълими томактабӣ ва табодули таҷриба мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо, бахусус дар самти таълими томактабӣ баён намуданд.