
19 ноябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Подшоҳии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Стокголм) Томас Данестадро қабул кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Шветсияро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти корӣ барору комёбӣ таманно намуд.