19 ноябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Хелсинки) Илкка Райсаненро қабул кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандиро барои рушди робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ изҳор карданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Финляндияро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти корӣ муваффақият таманно намуд.