Рӯзҳои 10 — 15 октябри соли 2022 дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, тарафҳо оид ба гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда мубодилаи афкор намудаанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.