
Имрӯз, 21 октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири Давлати Қатар Иброҳим ибни Муҳаммад ал Абдуллоҳро ба муносибати анҷоми рисолати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рафти сӯҳбат тарафҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ намуда, инчунин роҷеъ ба натиҷаҳои Конфронси амниятии Душанбе табодули назар карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ба сафир барои хизматҳои шоиста дар таҳкими муносибату ҳамкориҳои дустонаву судманд миёни Тоҷикистону Давлати Қатар изҳори сипос намуд.