
Дар пайи даргириҳои охир миёни Покистон ва “Толибон”* дар манотиқи марзии Данд ва Патани вилояти Пактиёи Афғонистон, сокинони ин ноҳия алайҳи он чи ки ба гуфтаи онҳо “ҳамлаи Покистон ба Афғонистон асӣ” эътироз карданд. Дар ин бора рӯзномаи «8-и субҳ» хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ҳар ду тарафро даъват кардаанд, то ҳама гуна ҷангро бас кунанд. “Тайи як ҳафтаи охир миёни “Толибон”* ва низомиёни Покистон ду задухӯрд рух дод, ки дар натиҷа ҳарду ҷониб талафот доданд. Дар ин задухӯрдҳо сокинони осоишта низ захмӣ шудаанд. Ҳарду тарафи низоъ мегӯянд, ки онҳо ҷангро оғоз накардаанд”, — навиштааст ин рӯзнома.
Ба навиштаи ин рӯзнома, даргириҳои марзӣ дар вилояти Пактиё се рӯз пеш бо ҳамла ба сокинони деҳаи наздисарҳадии Ожонси Куррам оғоз шуда, баъдан “Толибон”* ва низомиёни покистонӣ ба мавқеъҳои ҳамдигар тирандозӣ карданд. Дар натиҷаи тирпарронӣ чанд нафар аз “Толибон”* ва як ронандаи маҳаллӣ кушта шуда, чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Аз ҷониби Покистон як сарбоз кушта шуда, 8 сарбоз ва 4 сокини осоишта захмӣ шудаанд.
Баъди ин, ба хотири муайяннамоии ҷониби гунаҳкор ҳар ду тараф комиссия созмон дода, пушти мизи музокирот нишастанд. Музокироти ҷонибҳо дар бораи хотима додан ба даргириҳо дар манотиқи марзии ҳарду кишвар дирӯз ба поён расид.
Ба гуфтаи мухбири рӯзнома он бефоида буд, зеро тарафхо ба созиш омада натавонистанд.
Имрӯз дар гузаргоҳи сархадии Харлас, ки дар сарҳади вилояти Куррами Покистон ва ноҳияи Данд ва Патани Афғонистон воқеъ аст, гуфтушуниди такрорӣ барпо гардид.
Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, дар ин музокирот волии “Толибон”* дар музофоти Пактиё ва яке аз фармондеҳони ҳарбии ҳаракат мулло Фозил Мазлум ширкат кардааст, ҳарчанд муовини вазири дифои ҳукумати “Толибон”* гуфт дар бораи иштироки ӯ то ҳол маълумоти дақиқ вуҷуд надорад.
Яке аз бузургони қабилаҳои минтақа аз ҷониби Покистон дар бораи мӯҳтавои ин музокирот зимни суҳбат бо хабаргузории “Тасним” гуфт: «Музокирот тӯлонӣ буд. Онҳо (“Толибон”*) чизе пешниҳод карданд, ки барои мардуми мо қобили қабул нест, зеро талабҳои мо қонунист. Гуфтем, ки дар замини мо роҳ месозанд ва талаб кардем, ки сохтмон қатъ карда шавад, аммо онҳо рад карданд. Пас, ҷанг метавонад идома ёбад”.
Сокинони минтақаи Куррами Покистон иддао доранд, ки пас аз насби симчӯбҳо дар хати Дуранд, садҳо гектар замини онҳо дар тарафи Афғонистон боқӣ мондааст, аммо мақомоти “Толибон”* ин даъворо рад мекунанд ва онҳо ба ин назаранд, ки ин заминҳо на аз Покистон, балки аз афғонҳост.
Ёдовар мешавем, ки соли 2017 ҳукумати Покистон барои таъмини амнияти худ, ки бо ҳукумати пешини Афғонистон мухолифат дошт, ба насби симчӯбҳо дар хати Дурон шурӯъ кард.
* — гуруҳе, ки фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ аст