Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари пешрафта ва рӯ ба тараққии босуръат табдил ёфтааст ва бо шарофати талош ва заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба қатори пешрафтатарин мамолик ва пойтахти он ба шумул шаҳрҳои намунавӣ ворид гаштааст, аммо, масъалаи партов ва муомилоти дуруст бо он ҳанӯз аз мушкилоти ҳалношудаи шаҳру ҷумҳурӣ боқӣ мондааст.
Албатта, дар дилхоҳ гӯшаи олам ҷое, ки афзоиш ва инкишоф ба назар мерасад, дар натиҷаи истеҳсол ва истихроҷ зиёдшавии партовҳо низ ба миён меояд, чун мусаллам аст, ки ягон намуди истеҳсолот бидуни ба вуҷуд овардани партов фаъолият карда наметавонад.
Табиби бемориҳои дил Шуҳрат Ҷобиров ба он назар аст, ки баъзе аз намудҳои партовҳои маишӣ ва истеҳсолӣ ба инсон ва муҳити атроф зарари назаррасе мерасонанд ва баъзе аз онҳо ба гурӯҳи партовҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарнок шомил мешаванд.
«Вобаста ба ин, иҷрои корҳои марбут ба нобудсозӣ ва аз нав кор карда баромадани партовҳо назари тоза ва омодагии махсусеро талаб менамояд. Дар шаҳрҳои бузург солҳои охир масъалаи аз миён бурдани партовҳо мушкилоти муҳиму мураккаберо ба миён меорад ва андешидани чораҳои махсусеро талаб менамояд. Ҷамъшавии партовҳои маишӣ дар шаҳрҳо ва инчунин деҳотҷойҳо, ки ҳамасола шумораи беандозаеро ташкил медиҳанд, хатари таъсиррасонии зиёдеро ба муҳити экологии замин ва саломатии одамони атроф ба вуҷуд меоварад», — гуфт ин ҳамсуҳбати мо.
Бояд гуфт, ки коркарди партовҳои маишӣ яке аз роҳҳои муҳими бартарафсозии мушкилоти экологӣ ба шумор меравад. Боиси хушҳолист, ки солҳои охир, бо саҳми назарраси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои аз зарар ва хатари экологии партовҳо эмин нигоҳ доштани шаҳр ва аҳолии он дар тамоми маҳаллаву кӯчаҳои пойтахт ва атроф ташкил намудани ӯқуттӣ- контейнерҳои алоҳидаи партовғундорӣ ташкил карда шудааст. Акнун мардум хуб медонанд, ки партовҳои худро дар куҷо ва кадом вақт партоянд.
Ба андешаи Сорбон Зафаров, устоди факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тӯли солҳои зиёди сипаригашта, ки маводҳои полиэтиленӣ ё пластикӣ дар истеҳсолот камтар истифода бурда мешуданд, партовҳо низ аз маҳсулоти табиӣ – ба монанди коғаз, дарахт, пасмондаи хӯрока, пашминагиҳо ва пахта иборат буд.
«Ин гуна партовҳо бидуни ягон зараре дар табиат нобуд ё ки пӯсонида мешуданд, вале мутаассифона, дар баробари пешравии сатҳи зиндагӣ ва истеҳсолот маводҳои партовӣ ҳам заҳрноку хатарноктар гаштанд, таркиби металлҳои вазнин, моддаҳои радиоактивӣ ва пластмассаҳо дар заминаи модаҳои синтетикӣ хеле баланд ва зараррасонии онҳо ҳатто баъд аз нобудсозиашон низ барҳам намехӯрад»,-гуфт мавсуф.
Имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ 73 адад партовгоҳҳои партовҳои сахти маишӣ фаъолият менамоянд, ки масоҳати умумии онҳо зиёда аз 300 гектарро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда ҳар сол ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ 2689825 м3 партовҳои сахти маишӣ ҳосил мешаванд. Ба партовгоҳи шаҳри Душанбе ҳар рӯз ба миқдори 650 — 800 тн ва ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд ба миқдори 500 — 600 м3 ҷойгир карда мешаванд. Намуди партовгоҳҳо идорашаванда буда, партовҳо асосан бо ёрии техника тахту ҳамвор ва қабат ба қабат ҷойгир кунонида мешаванд.
Тибқи маълумотҳои дастрасшуда ба ҳолати соли 2021 дар ҷумҳурӣ 42 адад корхонаҳои коркарди партовҳо фаъолият доранд. Омори онҳоро вобаста ба вазифа ва таъинот дар графикаи иттилоотии зерин бинед:
Маълумот аз маҷаллаи "Дин ва ҷомеа" гирифта шудааст
Мушоҳидаҳо тасдиқ менамоянд, ки тӯли солҳои охир бемориҳои мухталифи душвортабобатшаванда ва ё ки табобатнашаванда, чун бемориҳои бадсифати саратонӣ, сироятӣ, бемориҳои пӯст ва ғайра миёни мардум дар ҳоли афзудан аст. Дар ин радиф метавонем бемории сироятии ҳамагири Ковид- 19 — ро низ мисол биёрем. Таърих, сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии ин беморӣ ҳанӯз ҳам чун як асрори нокушодае боқӣ мемонад, шояд замоне он пурра омӯхта хоҳад шуд ва омилҳои пайдоиш ва роҳҳои бартарафсозиаш низ бозкушоӣ мешавад, аммо далели нигаронсозанда ва раднопазир он аст, ки дар сайёраи Замин ҳамарӯза дар натиҷаи фарогирии ин вирус талафоти зиёди ҷонӣ ба мушоҳида мерасад.
Шуҳрат Ҷобиров, табиби бемориҳои қалб гуфт, аз партовгоҳҳо дар масофаи 3 километр дуртар зистан, одамонро метавонад бо хатари тавлидёбии атфол бо иллатҳои модарзодӣ таҳдид намояд. Аммо мутаассифона, дар бештари мавзеъҳо аҳолӣ дар масофаҳои на он қадар дур аз партовгоҳҳо ҳаёт ба сар мебаранд.
“Усули нобудсозии партовҳо хеле куҳна шудааст, масъулони партовгоҳҳо бештари вақт даъво мекунанд, ки дар фазо абрҳои заҳролудаи партовӣ вуҷуд надорад ва дар ҳолати набудани онҳо рух задани хатарҳо низ амри маҳол аст, аммо мардуми таҳҷоӣ ва гирду атроф аз вуҷуд доштани чунин хатарҳо ҳамеша дар ҳаросанд. Бархе бошанд, ҳатто парво надоранд, ки партовҳо дар куҷо ва чи хел партофта мешаванд”, — гуфт ин табиб. (Нигаред ба акси зер)
Дар ҳамин ҳол, Сорбон Зафаров, устоди факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маслиҳат медиҳад, ки яке аз роҳҳои ҳифз намудан аз зарарҳои таҳдидкунанда нисбат ба муҳити атроф — ин сохтани қабатдеворҳои гилин дар атрофи партовгоҳҳо, барои нагузаштани моддаҳои зарарнок ба обҳои зеризаминӣ мебошад.
«Аммо ин амал низ дар таҷрибаҳо натиҷаи кам додааст, чунки сохтани чунин саддҳо мустаҳкаму дерпой намебошанд. Даҳшатовар он аст, ки таъсири манфӣ аз куҳпартовҳои зараровар метавонад садҳо сол идома ёбад. Ҳатто партовгоҳҳои сифатан хуб сохташуда низ мушкилот ба бор меоранд. Ба он хотире, ки бодҳои гардон ва шамолҳои пуршиддат метавонанд заҳри партовҳоро то ба шаҳру деҳоти атроф расонад. Масъалаи тозагии экологӣ зич вобастагӣ дорад ба хислат ва дидгоҳи аҳолии ҳар минтақа ва сарзамин”, — гуфт мавсуф. (Нигаред ба акси зер)
Дар ҳолати пайдо шудани ягон савол, арзу шикоят ё мушкилӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 56, ё бо телефонҳои+(992) 372 233 49 83 (қабулгоҳи директори генералӣ); +(992) 372 221 77 98 (факс) +992 37 221-77-98 (Давлатзода Усмон Гул, директори генералӣ); +992 37 227-64-15 (Ғаффорзода Ҷӯрахон Маҳмад, муовини якуми директори генералӣ); +992 37 221-59-54 (Ҷабборзода Хуршед Бӯрӣ, муовини директори генералӣ) ё тариқи почтаи электронии info@khmk.tj ирсол намоед.
Имрӯз мо – тоҷикон ифтихор аз он менамоем, ки бо хушҳолӣ ва сарбаландӣ кишвари худ ва пойтахтамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда метавонем ва сол ба сол шумораи сайёҳоне, ки аз дороиҳои дилпазири кишвари афсонавиамон дидан кардан мехоҳанд меафзояд. Иқлим ва табиати афсонавии диёри мо-хосса кӯҳистон ва деҳоти он рӯз ба рӯз қалби садҳо тамошогаронро тасхир намудааст ва дар баробари зиёд гаштани дархосту хоҳишҳои сайёҳон барои дидан намудан аз ин мамлакати афсонавӣ имконияту шароити буду бош ва истироҳат барои меҳмонон низ то сатҳи олӣ баланд бардошта шуда истодааст.
Матлаб бо дастгирии «Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон» омода шудааст.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Овози тоҷик”