
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) ва Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия доир ба мавзуи “Ҳалли масоили муҳочират ва рушди ҳамкорӣ дар доираи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ” конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мекунад. Дар ин бора аз Академияи мазкур иттилоъ доданд.
Дар чорабинии мазкур, ки рӯзи 3 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, мақомоти маҳаллӣ, коршиносони байналмилалӣ, созмонҳои байналхалқӣ, ҷомеа шаҳрвандӣ, мутахассисон ва намояндагони кишварҳои мухталиф ба таври ҳузурӣ ва фосилавӣ (онлайн) иштирок мекунанд.
Тибқи барнома дар конференсия мавзӯъҳои «Мушкилоти байналмилалии ҳуқуқии танзими муҳоҷират дар асри XXI», «Таъмини ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо: мушкилот ва имкониятҳо», «Саҳми СММ дар рушди кишварҳо ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ», «Нақши механизмҳои бисёрҷонибаи танзими муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳалли проблемаҳои рушди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ», «Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон», «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи идоракунии давлатӣ», «Таъсири коррупсия ба рушди ҳуқуқи инсон», «Вазъи кунунии қонунгузории миллии давлатҳо ва сиёсати ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон: таҳлили муқоисавии ҳуқуқӣ», «Механизмҳои универсалӣ ва минтақавии ҳифзи ҳуқуқи инсон: мушкилот ва дурнамо», Ҳифзи категорияҳои алоҳидаи аҳолӣ: ҳуқуқҳои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, занон, кўдакон, маъюбон, гурезаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра, «Нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон», «Таҳдидҳои муосир ва ҳуқуқи инсон дар асри XXI» ва «Масъалаҳои актуалии ҳуқуқи байналхалқӣ» баррасӣ хоҳанд шуд.