(Дар ҳошияи Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бо хушунати хонаводагӣ», ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудааст)
Дар ҳама давру замон мутафаккирон, донишмандон, ҳуқуқшиносон, шоиру нависандагон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун зӯроварии хонаводагиро маҳкум намуда, ҷомеаро ба муросову созиш даъват мекунанд. Дар масири пешрафти илму техника, ки сатҳу сифати зиндагии сокинони сайёра ба маротиб боло рафтааст, ҳодисаҳои зӯроварии оилавӣ зиёд мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳар зани сеюм дар ҷаҳон дар тӯли ҳаёт латукӯб мешавад ва ё мавриди озору сӯистифода қарор мегирад. Дар аксар ҳолат озордиҳандагон шавҳарон мебошанд.
Дар оини оиладории халқи тоҷик таълиму тарбияи фарзанд ва хушбахт будани оила меҳвари асосоии зиндагии якҷояи зану шавҳар маҳсуб меёбад. Оилаи солим дар ҳолате ба ҷамъият нафъи худро расонида метавонад, ки ҳар як узви он бо андешахои солими худ ба воя расида, барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Яке аз манбаъҳои асосии бадбахтии оилаҳои ҷавон рашк ва дар заминаи он хушунату зулм аст. Хушунат ҳуқуқвайронкунии ҷиддие мебошад, ки муқаррароти қонунгузории мамлакат барои он ҷазо пешбинӣ кардааст.
Дар оилае, ки зулму хушунат аст, дар он ҷо аз хушбахтӣ асар намемонад, яъне агар шавҳар зани худро зери мушту лагад қарор диҳад, ин ҳолат сабабгори бадбахтии фарзандон мегардад. Ҳатто тамоми хешу табори зан низ аз чунин муомила азоби рӯҳӣ мекашанд. Хушунат метавонад сарчашмаи бефарҳангӣ, дағалӣ ва беэҳтиромӣ бошад. Мутаассифона, дар ҳаёти имрӯза ба баъзе мардоне вомехӯрем, ки занро на ҳамчун як узви оила, ё тарбиятгар шинохта метавонанд. Чунин одамон ҳатто дониши ҳуқуқӣ надоранд, ки баробарҳуқуқиро дарк кунанд.
Оилаҳои зиёде дар аввали зиндагӣ маҳз бо он сабаб пош мехӯранд, ки муносибати онҳо ба келин ҳамчун фарзанд ба амал намеояд. Яке аз нақшҳои муҳими волидон дар тарбияи фарзандон доштани эҳтирому ҳурмат нисбат ба якдигар, самимияту муҳаббат, ғамхору меҳрубон будан аст, ки метавонад фарзандонро ба роҳи дурусту илмомӯзӣ равона созад. Дар бисёр маврид ин гуна занону духтарон дучори зӯроварии хонаводагӣ мегарданд. Таҳлили ҳодисаҳои вобаста ба зӯроварӣ нишон медиҳад, ки дар сурати надидани чора ва ислоҳ нашудани вазъ мумкин аст кор ба фоҷиа анҷом ёбад. Чунончи, тибқи омор дар Федератсияи Россия ҳар сол аз дасти шавҳар ё ҳамзист то 15000 нафар зан мефавтанд.
Яке аз оқибатҳои ногувори хушунат ин аз ҳам пошидани оилаҳо мебошад, ки дар худ як олам ғавғову ҷанҷолро дорад. Аз ҷумлаи бузургтарини онҳо ситонидани алименту маскун кардан дар хонаи собиқ шавҳар мебошад. Дар матлаби худ мо ба масъалаи дуюм таваҷҷуҳ мекунем, чун ба назари мо, маҳз ҳамин мушкил имрӯз боиси ҷабри бештари занҳо баъд аз ҷудошавӣ шудааст.
Ормонӣ
Шаҳло (ном иваз шудааст) зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон буд. Ӯ соли 2012 баъди хатми мактаби миёна бо қалби пур аз орзуву уммед либоси сафед ба тан карду домоди ёфтаи падарро чун шавҳар қабул. Азбаски духтари хурдии хонадон буду эркаи акаву волидон, рафтан ба ҷойи бегона барояш гарон афтод, аммо, лаб зери дандон газиду тоқат кард ва пандҳои модарро, ки “дарахт дар як ҷо месабзад”-у “меваи сабр ширин аст” ҳалқа бар гӯш намуда, мутеи шавҳару оилаи онҳо буд.
Бо гузашти 4 сол аз рӯзгори муштарак онҳо соҳиби 3 фарзанди дустрӯй шуданд. Шавҳараш тоҷири бозор буду кисааш ҳамеша пур. Аз ин рӯ, аксари бегоҳиҳо ба хона ҳатман бо халтаҳои пур меомад. Модару як хоҳараш, ки аз шавҳар ҷудо шуда, ҳамроҳи Шаҳло мезистанд, пайваста бехи гӯши ака афсонаи хиёнати ҳамсарашро қисса мекарданд. Онҳо мехостанд писар ғуломи ҳалқабардӯши модару нобардори хоҳар гардад, на иҷрокунандаи фармоишҳои ҳамсару хостаҳои кӯдакони маъсум. Вале, писар инро қабул надошт …
Фитнаи модару хоҳар ба ҷое расид, ки Умед (ном иваз шудааст) шавҳари қаҳармони мо муфлис шуду қарздор ва рӯй овард ҷониби муҳоҷират. Дар аввал кораш хуб буду доим пул мефиристод ба номи ҳамсараш ва таъкид мекард, ки кӯдаконашро хуб нигоҳ кунад. Аммо, бо гузашти муддатҳо ҳам авзояш тағйир ёфту ҳам муомилааш. Ҳини занг задан ба занаш таҳдид мекард, ки омада дасту пояшро мебандаду чун мурғ калаашро меканад.
Шаҳло дарёфт, ки ин таъсири туҳматҳои хушдоман аст ва таваҷҷуҳ накард. Вале, вазъият бадтар мешуд. Акнун шавҳари меҳрубон оне буд, ки на падару модар ва на акаҳои ҳамсар барояш арзиш надоштанду сари ҳар лаҳза ба суроғаашон ҳақорат мефиристоду таҳдид.
Ниҳоят ӯро тариқи паёмак талоқ доду талаб кард, ки кӯдаконро монда, худаш ба хонаашон баргардад. Модар аз фарзанд ҷудо шудан намехосту кӯдакон аз хонаи падар. Аз ин рӯ, тасмим гирифт, ки ба хотири маскун шудан ба суд муроҷиат кунад.
Даводаву мушкилоташ дучанд шуд, зеро хушдоман ба ҳеҷ ваҷҳ келину набераҳоро намехост. Ин буд, ки судро хариданӣ мешуду санадҳои бардурӯғ ёфта, келинро гунаҳкор нишон медод. Аммо, адолат тантана карду ӯ маскун шуд, вале …
Чархи тақдир ба майлаш нагашту бо гузашти чанд рӯз ба хотири бунёди хонаи нав дар маҳалла манзили падарашро тахриб карданд. Оила ҳам сарсон монду якҷоя ба иҷорахонаи танге кӯчиданд.
Қаҳрамони мо ҳам акнун аз рафтан ба хонаи волидон эб мекарданд, чун онҳо худашон базӯр меғунҷиданд дар он кулба. Гоҳҳо ҷиянҳо ё модараш ба хабаргирӣ меомад. Дар ин мавридҳо хушдоман то рафтанашон ҷор мезаду дод мегуфт ва аз қисматаш ба Худо шикоят мебурд. Аммо, рафта – рафта ӯ онҳоро аз хона пеш карданӣ мешуд ва чанд бор ин кӯшишро ҳам кард. Ҷиянҳо келини собиқро мезаду дашном медод. Модарашро таҳқир мекард. Пайи қадами онҳо ҳам аз ин хонадон канда шуд. Кӯдаконро — ку, рӯз намедод…
Болои ин аламҳо як алами дигар барзиёд шавҳари собиқ аз муҳоҷиарт баргашту бекор дар хона буд. Минбаъд ба болои оне, ки алимент намедод, боз зӯрӣ карда, ба сари зани собиқ мушт мебардошт. Шаҳло ҳам бо гузашти бештар аз як сол аз ин ҳодиса дигар тоқат накарду худу фарзандонашро оташ зад. Ӯ бо рафтанаш шодӣ ба қалби якеву ғам ба дигаронро гузошт… Оре, ӯ қурбони хушунати шавҳару хонаводааш шуд.
Барқасдкор
Аммо, баръакси Шаҳло марди сокини шаҳри Бохтар бо номи шартии Қудратулло аз ҷабри ҳамсар шикоят дорад. Ӯ 18 сол пеш бо духтаре аз ноҳияи Вахш оиладор шуд. Муносибаташ бо ҳамсар хуб буд, аммо хушдоман айшашонро талх кард. Баҳсу ҷанҷоли оилаи онҳо ҳар дафъа баъди меҳмон шудани хушдоман ба хонаи домод авҷ мегирифт.
“Ҳамсари ман ягона духтар дар хонаашон аст. Модараш талаб дорад, ки мо ҳавлии алоҳида харида, ба он ҷо кӯчем, зеро духтараш ғулом ё хизматгори хонаи мо нест. Борҳо тағоҳояш латукӯбам карданд. Ман маъюбам ва модарам ғайр аз ман писаре надорад. Апаву хоҳаронам бо зиндагии худанд. Бо ҳавас зан гирифтаму зиндагии хушро надидам. Қобита ҳамсарам ҳам баромада рафт,” — гуфт ӯ.
Ин мард гуфт, ки бори охир чанд ҳафта пеш дубора ба хонаи хушдоманаш рафт, то зану фарзандонашро ба хона биёрад, вале тағоҳои занаш боз ӯро латукӯб карда, аз хона пеш карданд. Гоҳо аз сӯи ҳамсар низ мавриди латукӯб қарор мегирифт ва аз рӯи маъюбияташ таҳқир мешуд.
Баъди ин, ҳамсараш ба суд муоҷиат кард, то онҳоро аз ҳам ҷудо намояд. Ин орзуяш ҷомаи амал пӯшид ва ба гуфти шавҳари собиқ “акнун ӯ паррандаи озод аст”. Модари кӯдакон бо ин ҳам қаноат накарда, барои гирифтани алимент ва маскун шудан дар хонаи шавҳари минбаъд собиқ ба суд муроҷиат кард. Суд ҳам ӯро ба хостааш расонду дигарбора вориди хонаи шавҳар кард. Аз ин рӯ, зиндагии талхи қаҳрамони мо ба гуфти худаш “талхтар” шуд, чунки модари фарзандон ба қисми қасос гузашт…
Қудратулло маълумоти олӣ надорад, зеро аз сабаби суст будани биноияш баъди хатми мактаби миёна волидайн ӯро зан доданд, то келин дар зиндагӣ асои дасташ шавад. Дар дӯконе пойафзол медӯхт ва рӯзгорашонро пеш мебурд. Бар замми ин, нафақа мегирифт, ки рӯзгорро базӯр саришта мекард. Зиндагии худ, модару ҳамсар ва се фарзанди ноболиғашро дар хонаи волидайн бо азоб пеш мебурд.
Баъди маскун шудани занаш ӯ ҳар шаб нафарони гуногунро ба хона меовард. Бо ин ҳама қаноат накарда, бо марди ҳамсоя дар хонаи собиқ шавҳар оиладор шуд. Дидани ин манзараи нафратовар барои Қудратулло осон набуд. Аз ин рӯ, тасмим гирифт, то ба ҷое равад, ки ин ҳамаро набинад. Ҳамин тавр, ӯ ба муҳоҷиарт рафт ва инак бештар аз 10 сол аст, ки ба хона барнагаштааст.
Ӯ зимни суҳбат бо мо гуфт, мурдаи модарашро ҳамсояҳо гуру чӯб карда, маъракаҳояшро ҳам онҳо гузаронидаанд. Аз ин, дигар рӯе надорад, ки ба ватан биёяд, зеро занаш ӯро бе корд кушт…
Омили асосӣ — рашк
Гулсара Абдуҷабборова, корманди иҷтимоии лоиҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки дар ноҳияҳои Вахшу Қубодиён фаъол аст, гуфт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир хушунати равонӣ нисбат ба занон зиёд шудааст.
“Омилҳои хушунат, вазъи иқтисодии хонавода, рашк, бадбинӣ ва соҳиби мулк шудан аст, ки гоҳҳо ин ҳолатҳо зиндагии хонаводаҳоро вайрон мекунад ё ҷониберо ба марг оварда мерасонад”, — гуфт ин коршинос.
Танҳо дар як сол аз ду ноҳия – Вахш ва Қубодиён наздик ба 300 нафар маҳз ба Гулсара Абдуҷабборова муроҷиат кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта хеле зиёд мебошад.
Оқибати маскун — марг
Ҳуқуқшиносон аз муроҷиати зиёди занони хушунатдида нигарон буда, мутаассифанд, ки занҳо аз ҳуқуқи худ огоҳ нестанд ва ин ноогоҳӣ боиси ба зӯроварӣ гирифтор шудани онҳо мегардад. Фахриддин Фузайлов, ҳуқуқшиноси ҷавон дар вилояти Суғд зимни суҳбат бо мо гуфт, қонунгузории соҳавии Тоҷикистон дар баъзе мавридҳо маскункуниро пешбинӣ, кардааст, ки дар доираи он суд дар асоси ариза занро дар манзили собиқ шавҳараш маскун мекунад.
“Албатта ин якчанд тарафҳои мусбат ва манфӣ дорад. Тарафи хубиаш ин аст, ки шояд зану шавҳар боз ба ҳам оянд, аммо тарафи асосии бадаш ин аст, ки метавонад байни зану шавҳари собиқ низоъи бештарро ба вуҷуд орад. Ин дар баъзе ҳолатҳо, ба зӯроварии равонӣ, ҷисмонӣ ва ҳатто омили яке аз собиқ ҳамсарон ё дигар аъзои оилаи онҳо гардад. Ман фикр мекунам, ки ба ҷойи маскункунӣ дар қонунгузории Тоҷикистон дигар чораҳои судманд андешида шавад беҳтар аст, то ин ки оқибат ба марг оварда нарасонад”, — гуфт ӯ.
Воқеан, ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудаанд, ки оқибати маскуннамоӣ бо марг анҷомидааст, ё то он ҳад расидааст. Масалан, 15 январи имсол кормандони милитсияи пойтахт марди 56-солаеро дастгир намуданд, ки барои таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ айбдор мешавад.
Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсияи пойтахт марди 56-солаи сокини кӯчаи Шевченкои ноҳияи Шоҳмансурро дастгир намуданд, ки қасд доштааст ҳамсари собиқашро ба қатл расонад. “Шахси дастгиршуда дар таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар дониста шудааст”, — омадааст дар матни хабар
Манбаъ таъкид намудааст, ки номбурда, рӯзи 13-уми январи соли равон, тахминан соати 20:00- дақиқа, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш дар хонаи истиқоматиаш бо собиқ ҳамсараш, ки он ҷо маскун шуда буд, ҷангу ҷанҷол намуда, дари ҳуҷраро зада шикаста, сипас аз болои миз як адад корди ошхонагиро гирифта ба гулӯи зани номбурда зер намуда, таҳдиди куштан намудаааст”.
Дин чӣ мегӯяд?
Ба андешаи диншиносони тоҷик, мушкили асосие, ки дар роҳи маскун кардани зан дар хонаи шавҳари собиқ пеш мояд, мушкилии мазҳабӣ аст. Назирмад Набиев, домуллои тоҷик аз ноҳияи Муъминобод гуфт, мувофиқи қонуни шариат зани талоқшуда ҳаққи рӯбарӯ шудан бо шавҳари собиқи худро надорад. “Ин аст, ки судҳо низ дар бисёр ҳолат мутмаин нестанд, оё қарори онҳо ба фоидаи зани ҷабрдида ҳал мешавад ё баръакс».
Ба гуфтаи ин домулло, гоҳҳо занони ҷабрдида бо суол ба ӯ муроҷиат мекунанд, ки судя ба онҳо гуфтааст, чӣ тавр метавонанд, дар як хона бо шавҳаре, ки ӯро се талоқ додааст, зери як бом зиндагӣ кунад ва “оё ҳамин дуруст аст?” ва ҳамсуҳбати мо дар ҳама маврид онро тасдиқ кардааст.
Ин домуллои тоҷик ҳолатеро мисол овард, ки чанд сол пеш расонаӣ шуда буд. Ӯ гуфт, Саид Аҳмадов, як сокини деҳаи Навободи шаҳри Кӯлоб чанд сол пеш дар рӯзи равшан ба тани келини собиқаш Нилуфар Алиҷонова панҷ корд зада буд. “Саид Аҳмадов ба ин куштор на барқасдона, балки бар асари асабонияти пайваста ва дар манзилаш зистани як зани номаҳрам даст задааст. Қотили Нилуфар дар бозпурсӣ иқрор кардааст, ки ҳузури келини пешинаш — зани ҳамакнун барои ӯву писараш номаҳрам дар хона ӯро “девона” кардааст. Ҳарчанд, ба иқрори мардуми маҳалла, Саид Аҳмадов бештар аз пойфишории Нилуфар барои тақсими хона сахт хашмгин шуда буд, навиштанд расонаҳо” – гуфт домулло.
“Акнун, худатон хулоса бароред, чун 99 фоизи аҳолии мо мусулмонанд ва албатта, ҳамроҳ бо ҳамсари пешин зиндагӣ карда наметавонанд. Аз ҷониби дигар, дар асоси шариати мусалмонӣ, зан баъд аз талоқ то иддаъ, яъне се моҳ, ҳақ дорад, ки дар хонаи шавҳари пешин зиндагӣ кунад. Баъд аз ин, ӯ ҳаққи шавҳар карданро дорад ва метавонад ба хонаи шавҳари наваш равад», — гуфт ӯ.
Ин домуллои тоҷик гуфт, ба хотири пешгирӣ аз фалокат, дар кишварҳои арабӣ арӯсро ҳангоми никоҳ бо хона таъмин мекунанд, то ки дар сурати талоқ ӯ сарсону саргардон нашавад. “Пештар Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳам пешниҳод карда буд, ки дар шартномаи никоҳ маблағи тақрибан даҳ ҳазор доллар чун маҳрия сабт шавад, яъне мард дар сурати талоқ ин маблағро бояд ба зани пешинаш пардозад. Аммо, банди “маскуншавӣ” бартарӣ ёфт, ки мушкилиҳои зиёдро дар пай дорад, — гуфт ӯ.
Тарс аз шавҳари собиқ
Ба назари ҷомеашиносон, маскуншавии зани ҷудошуда дар манзили шавҳари пешин ҳамеша боиси моҷарову хушунат мегардад. “Аз ин хушунатҳо то имрӯз фақат ҳодисаҳои пурсару садо расонаӣ шудаанду халос. Аслан, занҳо бо ду сабаб ба манзили шавҳар бармегарданд, аввалан, барои он ки онҳову кӯдакҳояшон дар хонаи падар ё бародар “нағунҷиданд” ва сониян, ба хотири “алови чашми шавҳарро гирифтан”.
Манзура Муродова, ҷомеашинос ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Сайёҳат”, ки дар минтақаи Кӯлоб ба ҳифзи ҳуқуқҳои занони хушунатдида машғул аст, гуфт, барои зан дигарбора баргаштан ба хонаи шавҳари собиқ, ҳам осон ва ҳам дуруст нест, зеро ӯ ҳамеша он ҷо бо хатар зиндагӣ мекунад. Ба фикри ман, ба хотири пешгирии фоҷиа бояд дари ҳуҷраи зани маскун алоҳида бошад. Бо ин роҳ метавон хатарро камтар кард”, — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ҳуқуқшинос ва адвокат Зокир Қурбонов гуфт, имрӯз аксари занҳое, ки бо қарори суд дар хонаи шавҳарони собиқи худ маскун шудаанд, онҷо зиндагӣ намекунанд, зеро мавриди озору азияти аъзои хонаводаи шавҳари собиқашон қарор мегиранд.
“Дар ин ҳолат шавҳари собиқи ин зан метавонад барои чораҷӯӣ ба мақомот муроҷиат кунад. Бо ин роҳ ин занҳо аз шавҳари собиқ ва оилаи ӯ қасос мегиранд, ки ин ҳам нодуруст аст. Агар бо қарори додгоҳ маскун шуда бошанд, бояд дар онҷо зиндагӣ кунанд, аммо, агар зиндагӣ кунанд, боз озор мебинанд», — гуфт ин ҳуқуқшинос.
Ба зикри ин адвокат ва ҳуқуқшиноси тоҷик чанд василае аст, ки тавассути он мард метавонад ҳамсари собиқашро, ки дар хонааш маскун шудааст, аз болои сараш дур кунад. Яке аз ин роҳҳо гирифтани иҷора барои оилаи собиқ аст.
Аз расонаҳо
Пойгоҳи иттилоотӣ – таҳлилии “CABAR.asia” дар доираи як матлаб рӯзгори чанд зани баъди талоқ маскуншударо ҷамъ овардааст. Аз ҷумла, ба навиштаи ин пойгоҳ, Таҳмина ном сокини 32-солаи ноҳияи Файзобод ду сол пеш бо 4 кӯдак аз шавҳар ҷудо ва дар як ҳуҷраи манзили ӯ маскун шуд. “Аммо, дар он ҷо ҳамагӣ ду моҳ тоқат кардам, чунки қариб ҳар рӯз аз тарафи шавҳари собиқам ва аҳли оилааш ҷанҷол сар мезад. Онҳо ҳама корро карданд, то маро аз хона пеш кунанд. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки хонаводаи ӯ 25 садяк замин дорад ва ману фарзандонам ҳақ дорем аз онҳо қитъаи хурдеро талаб кунем», — гуфтааст Таҳмина.
Нақли оморҳо
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали сол дар кишвар беш аз 450 нафар барои кӯмак ба телефони боварии Маркази пешгирии хушунат дар хонавода муроҷиат кардаанд. Аз ин теъдод ҳамагӣ 60 муроҷиат аз ҷониби намояндагони мардон ворид шуда, боқимонда зангҳои занонанд.
“Аз ин шумора ба беш аз 390 нафар шаҳрвандон кумаки равонӣ ва беш аз 90 нафарашон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шудааст. Қариб 290 муроҷиатнома ба воситаи телефон ҳал карда шуда, дар 160 мавриди боқимонда мутахассисон бо одамон вохӯрии шахсӣ гузаронданд. Дар бораи шумораи умумии муроҷиатҳо дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 4000 муроҷиат ҷамъоварӣ шудааст. Аз онҳо: занон — 2,8 ҳазор, мардон — 1,2 ҳазор, оилаҳои муҳоҷирон – 910 ҳолат мебошанд. Оид ба масъалаи зӯроварӣ дар оила қариб 480 муроҷиат ворид шудааст”,-гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи мазкур зимни нишасти матбуотиаш оид ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ин ниҳод.
Илова бар ин, Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз 1,5 ҳазор аризаю шикоятҳоро оид ба хушунати хонаводагӣ баррасӣ кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, ин нисбат ба соли 2021 9 ҳолат камтар аст.
Бино ба омори расмӣ, ҳар сол дар Тоҷикистон тақрибан беш аз 2000 оилаи ҷавон расман аз ҳам ҷудо мешаванд. Вале омори марбут ба занҳое, ки баъди талоқ гирифтан аз хонаи шавҳари собиқ ронда мешаванд, вуҷуд надорад.
Омори никоҳ ва талоқ дар 5 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зебуннисо Сатторзода, судяи суди ноҳияи Вахш зимни мусоҳиба бо маҷаллаи “Сафо” гуфтааст, дар тӯли қариб 10 — солаи фаъолияти судӣ бештар парвандаҳои оилавиро баррасӣ намудааст.
“Солҳои охир парвандаҳои вобаста ба баҳсҳои оилавӣ бахусус, бекор намудани ақди никоҳ, ба мақомоти судӣ бештар ворид мешаванд. Зеро баъди ворид шудани ариза дар мавриди бекор кардани ақди никоҳ ва оғози баррасиҳо, минбаъд, баҳсҳои рӯёнидани алимент, тақсимоти молу мулк байни зану шавҳар, масъалаи маскунияти модар ва муайян кардани ҷойи зисти кӯдакон ва дигар мушкилу масъалаҳои баҳсталаб ба миён меоянд. Ҳарчанд дар асоси талаботи моддаи 126-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон маскунияти модару кӯдакони аз оилаҳои ҷудошударо қонун пешбинӣ карда бошад ҳам, аммо баъзан, ҷониби мардон розӣ намешаванд, ки собиқ ҳамсари ӯро соҳиби моликият эътироф намуда, занро дар хонае, ки зиндагӣ мекард, маскун намоем. Ё баъзан, мушкилот баъди қабул кардани қарор пайдо шуда, ҷониби мард намегузорад, ки шахси маскуншуда аз воситаҳои лозимӣ ва шароитҳои мавҷуда истифода намояд. Баъди қарор қабул кардан мушкилоти дигар пайдо мешавад, зеро на дар ҳама ҳолат муяссар мегардад, ки нафари маскуншуда ба шароити зарурӣ таъмин бошад”, — гуфтааст ин судя.
Парвандаҳои оилавӣ №1
Тавре ки дар боло зикр намудем, бекор кардани ақди никоҳ боиси ба миён омадани баҳси судӣ оид ба маскун намудан ба манзил мегардад. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли гузашта аз тарафи суди шаҳри Ҳисор 122 адад парвандаи оилавӣ дар бораи аъзои оила эътироф намудан ва маскун кардан ба манзил баррасӣ гардидааст. Зимни баррасии парвандаҳои оилавии категорияи маскун намудан ба манзил судяҳо меъёри моддаҳои 121 ва 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба асос гирифта, манфиати кӯдакони ноболиғро, ки бояд дар оилаи солим таълим ва тарбия гиранд, сарфи назар накарда, даъвоҳоро қонеъ менамоянд, ки ин санадҳои судӣ асоси қонунӣ доранд. Зеро қонунгузории манзил ба чунин даъвогарон ҳуқуқ додааст, ки бо ҷой доштани ҳолатҳои пешбурди хоҷагии умумӣ, ҳамзистии доимӣ бо молики манзил ва дигар аҳли оилаи ӯ, бо даъво барои маскун намудан ба манзил ба суд муроҷиат намоянд. Вақте молики манзил бо иродаи худ дигар шаҳрвандро ба хонаи истиқоматиаш оварда, барои доимӣ бо онҳо ҳамзистӣ доштан дар он ҷо ҷойгир мекунад, барои қонеъ гардондани аризаҳои даъвоии ин категория асос мешавад.
“Вобаста ба ҳолати воқеии кор дар парвандаҳои категорияи мазкур даъвогарон аз ҷумлаи он нафароне мебошанд, ки бо қатъ гаштани муносибати оилавӣ молу мулки муштараки аз собиқ ҳамсар талаб мекардаро доро набуда, бо фарзандони ноболиғ бесарпаноҳ монда, дар манзили истиқоматии волидонашон низ шароити бо ҷойи зист таъмин буданро надоранд. Дар ин ҳолат маҷбур мешаванд, ки бо истифода аз ҳуқуқҳои гражданиашон ба суд барои маскун шудан ба манзил муроҷиат намоянд. Аз дигар тараф, сабаби асосии ба миён омадани баҳсҳои судӣ оид ба маскун намудан ба манзил ин зимни бастани ақди никоҳ ба қоидаҳои бо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда хунукназарона муносибат намудани ҷавонон мебошад”, — гуфт як судяи суди шаҳри мазкур бо шарти ифшо нашудани ном.
Ба зикри ин додрас, институти аҳдномаи никоҳ, ки дар боби 8 — уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони издивоҷкунанда пешбинӣ шудааст, умуман амал намекунад. Агар ин институт амал кунаду бо бастани аҳдномаи никоҳ миёни издивоҷкунандагон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҷиддӣ пешбинӣ карда шавад, зимни қатъ гаштани муносибати оилавӣ тарафҳо аз тарси фаро расидани уҳдадориҳои бо аҳдномаи никоҳ пешбиникардаашон, мумкин аст, ки аз ҷудо шудан худдорӣ намоянд. Воқеан мавриди амал қарор додани аҳдномаи никоҳ метавонад садди роҳи қатъ гаштани муносибати оилавӣ, ба миён омадани баҳсҳои судӣ гардад.
“Имрӯз тамоюли зиёдшавии парвандаҳои судӣ, аз ҷумла афзоиши парвандаҳои бекор кардани ақди никоҳ, ки заминаи ба миён омадани парвандаҳои оилавии категорияи рӯёндани алимент, маскун намудан ба манзил мегардад, аҳли ҷомеа ва судяҳоро ба ташвиш овардааст. Бо мақсади нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон ва дар оилаи солим ба воя расидани фарзандони ноболиғ судяҳо талош доранд, ки бо қабули таъйинотҳои хусусӣ, бо роҳи гузарондани суҳбат ва вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишварро ба мардум фаҳмонда, ба ин васила дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқи сокинони кишвар саҳмгузор бошанд”, — гуфтааст Гулбону Саидзода, раиси суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт зимни мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Дар ҳамин ҳол, Тоҳир Қодиров, раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зимни як суҳбати ихтисосӣ бо маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон“ гуфтааст, масъалаҳои баҳсангези хонаводагӣ имрӯз зиёд шудаанд ва баъзан онҳоро аз муҳити хона то ба мақомоти судӣ мебаранд. Моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳимояи оила тавассути ҳокимияти судӣ зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ байни аъзои оила амалӣ гардида, имрӯз шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ин самт тамоюли зиёдшавӣ доранд
“Бештари парвандаҳои оилавӣ роҷеъ ба баҳсҳои рӯёнидани алимент, кам ё зиёд намудани алимент, муқаррар намудани падарӣ ба тариқи судӣ, баҳсҳои манзилӣ:- аз қабили маскун намудан ба хонаи истиқоматӣ, тақсими манзили истиқоматӣ, моликияти якҷояи занушавҳарӣ эътироф намудани манзил, бекор кардани ақди никоҳ, тақсимоти молу мулки якҷояи заношӯӣ, талаб карда гирифтани амволи шахсӣ, баҳсҳои молу мулкии меросӣ байни хешовандони наздик ва ғайра мебошанд. Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки бештар нисбати санадҳои суди марҳилаи якум, ки вобаста ба парвандаҳо оид ба аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан ба хонаи истиқоматӣ қабул гардидаанд, ба Суди Олӣ шикоятҳо пешниҳод менамоянд”, — гуфтааст ин масъули Суди Олӣ.
Тибқи арзёбии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 18 сол (аз 2000 то 2018) омори бақайдгирии ақди никоҳ то 4 маротиба афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 18 сол (аз 2000 то 2018), нисбат ба сабти никоҳ омори талоқ то 5 маротиба афзудааст.
Андешаи носолим ё чораи бечорагӣ?
Ба андешаи ҷомеашинос ва ҳуқуқшиноси тоҷик Нусратулло Назариён андеша,ки носолим аст, ҳамин гуна рафтор зоҳир мешавад. Ин ҷомеашинос низ зимни мусоҳибае гуфтааст, агар зане, ки нозукиҳои маскун шуданро пурра донад, ҳеҷ вақт маскун намешавад. Лекин мақсад дигар аст, барои ҳамин аксарияти занҳо бо ариза ба суд муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш мекунанд, ки онҳоро маскун намоянд, то ба “ҳадаф”-и худ расанд.
“Аслан қонунгузор маскун намуданро ба он хотир дар қонун ҷой додааст, ки зан ё кӯдакон бе сарпаноҳ набошанд. Вале, аксаран занҳо аз ин ҳуқуқашон сӯистифода намуда, вазъи оилавии собиқ шавҳарашонро мутташаниҷ гардонида, бо ин васила ба ҳадафи худ расиданӣ мешаванд. Лекин, занҳо бояд ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро дар манзиле, ки он ҷо маскун шудаанд, ё мешаванд, донанд. Масалан, зан агар дар манзиле, ки пеш дар он ҷо истиқомат мекард, маскун шавад, бе иҷозати соҳибмулк ҳуқуқ надорад дигар шахсонро бо худ вориди ҳамон манзил гардонад. Соҳибмулк ҳуқуқ дорад дар ҳамон ҳуҷрае, ки зан маскун шудааст, бо ӯ якҷоя зиндагӣ намояд, яӯне маскун шудани ҳамин зан соҳибмулкро аз ҳуқуқи истифодабарии ҳуҷраи мазкур маҳрум намесозад. Ҳолати дигар ин аст, ки соҳибмулк метавонад дар ҳамон ҳуҷраи манзилаш иҷоранишин қабул намояд ва иҷоранишин бо маскуншаванда истиқомат намояд. Ба ҳамин монанд даҳҳо мисол овардан мумкин аст”, — гуфт ин ҳуқуқшиноси тоҷик.
Андешаи қонунгузор
Бояд гуфт, ки 19-уми марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ба тасвиб расидааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асоси қонуни мазкур барои коҳиш додани хушунат дар оила амал мекунанд.
Ба ғайр аз ин, дар кишвари мо Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ва Стратегияи коммуникативии тағйир додани рафтор вобаста ба зӯроварӣ дар оила амал мекунад.
Телефонҳои боварӣ
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳое, ки мавриди хушунати хонаводагӣ қарор доранд, даъват намудааст, ки барои рафъи ин мушкилӣ метавонанда ба рақамҳои боварии ситоди ҷумҳуриявӣ ё ситодҳои маҳалли зист тамс гиранд, ки мо феҳристи онҳоро таҳия карда, дар зер гузоштем:
1313 (ройгон) — Телефона боварӣ дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 21 34 71 — қабулгоҳи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 23 17 06 — бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 23 11 96 — шӯъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 27 86 50 — шӯъбаи ҳуқуқи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 27 17 42 — шӯъбаи рушди гендерии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(барои боргирӣ зер кунед)
Дар маҷмӯъ, мушкилоти зўроварӣ дар оила яке аз мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ имрўз мебошад, зеро рўроварӣ дар оила кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон намуда, дар баъзе мавридҳо ба барҳамхӯрии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад. Ҳеҷ кас аз ин кирдор истисно набуда, ҷабрдидаи зўроварӣ дар оила метавонад зан, мард, кўдак ё аъзои дигари оила бошад. Зўроварӣ дар оила масъалаи шахсии байни аъзои оила набуда, вайронкунии ҳуқуқи инсон ва табъиз нисбати дигар аъзои оила, натиҷаи бевоситаи нобаробарии байни марду зан мебошад.
Мирсаид САТТОРИЁН,
муовини сармуҳаррири
радиои бурунмарзии
«Овози тоҷик»