
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, ки аз рӯйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт ба қатори панҷ тими беҳтарини чемпионат шомил шуд, бо ноибқаҳрамони Аврупо – тими миллии футзали Русия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, вохӯриҳои дӯстона миёни дастаҳои футзали Тоҷикистон ва Русия рӯзҳои 7 ва 8 ноябр дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишии обии Душанбе баргузор мешаванд.
Бозиҳо соати 20:00 оғоз мегарданд.