Бе пазируфтани дунявият имкони баробар ва худинкишофии занону ҷавонон ба даст намеояд. Ин нуқтаро Муҳаммад Амин Аҳмадӣ, узви гурӯҳи музокироти сулҳи ҳукумати собиқи Афғонистон, имрӯз зимни нишасти амниятии Ҳирот дар шаҳри Душанбе изҳор дошт.
Ӯ таъкид кард, ки «дараҷаҳои дунявӣ» метавонад бо «диндорӣ» якҷоя шавад.
Ба зикри номбурда, ҳар зан мехоҳад, ки ҳамчун як фард шинохта шавад ва тамоми имкониятҳои рушд дар ихтиёраш бошад ва ҳеҷ кас монеи афзоиши ӯ нашавад.
«Толибон бар ин назаранд, ки роҳи ҳал бо як қудрати мутамарказ аст, ки ҳама чиз аз рӯи қонунҳои фиқҳ идора мешавад ва қудрат танҳо таҳти назорати Амирумӯъминин аст. Баъзе гурӯҳҳои этникӣ ва ҳувиятӣ низ федерализмро ҳамчун роҳи ҳал мешуморанд»-, гуфт Муҳаммад Амин Аҳмадӣ дар идома.
Иброз дошт, ки ман фикр мекунам, ки як сатҳи дунявият вуҷуд дорад, ки метавон бо диндорӣ бипайваст ва дунявият метавонад бипазирад, ки ҳеҷ қонуне хилофи фармони Худо вуҷуд надорад.