Азизбек Кабаев, таҳлилигари Осиёи Марказӣ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» дар шаҳри Душанберо саривақтӣ хонд.
«Конфронси сатҳи баландро, ки ин рӯзҳо дар Душанбе ҷараён дорад, дар пасманзари бад шудани авзоъ дар Осиёи Марказӣ ва густариши ҳаводис дар Афғонистони ҳамсоя, афзоиши фаъолияти террористӣ дар ҷаҳон метавон саривақтӣ номид», — гуфт Азизбек Кабаев, сардори шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Маркази ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо.
Ба ақидаи ӯ, конфронси мазкур барои баррасии масоили мубориза бо терроризм ва муттаҳидсозии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид заминаи беназир фароҳам овард, то ки онҳо бори дигар ҳамдигарро барои мубориза бар зидди терроризм даъват кунанд.
«Дар конфронс на танҳо давлатҳои узви СММ, балки созмонҳо ва сохторҳои махсуси байналмилалӣ, ки дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ якҷоя кор хоҳанд кард, гирди ҳам омаданд. Тадбирҳои имрӯза ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СММ ва созмонҳои махсуси байналмилалӣ, ки дар ин самт фаъолият доранд, такони иловагӣ хоҳад дод», — гуфт Азизбек Кабаев.