Имрӯз, 29 ноябр дар Токио Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ бо Муовини вазири молияи Япония ҷаноби Масато Канда мулоқот намуд. Ҷонибҳо вобаста ба ҷалби сармояи японӣ татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни кишвар мубодилаи афкор намуданд.
Тавре ки аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд, мусоҳибон ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Зимни мулоқот тарафҳо, ҷалби сармояи япониро дар бахшҳои энергетика, манбаъҳои нерӯи таҷдидпазир, иқтисоди сабз, канданиҳои фоиданок ва коркарди ашёи хом муҳим донистанд.