Дар шаҳри Лодз дар ҳошияи 29-ум иҷлоси Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо комиссари олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдрахманов вохӯрӣ намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар доираи ченаки инсонии САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.