5 – уми декабр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон ҳамоиши тантанавӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Кори хайру номи нек: волонтёр мешавем»- баргузор гардид.
Бино ба иттилои хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Дилнозаи Абдумалик, ҳамоиши мазкур бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, сардори Раёсати кор бо чавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, роҳбарияти сохторҳои шаҳрӣ, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, волонтёрону ҷавонони фаъол ва собиқадорони соҳаи волонтёрӣ доир гардид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки фаъолияти волонтёрӣ- ин майдони оғози рушди касбии ҷавонон аст, ки робитаи ҷамъиятиашонро тавсеа медиҳад. Дар гузашта низ миёни мардуми мо шаклҳои ҳаракати волонтёрӣ, ба мисли ҳашар вуҷуд доштанд.
«Кумак расонидан ва иҷрои корҳои ҷамъиятӣ аз қадим ба нафъи мардум буд, ки тавассути ин фаъолият бо ҳашар хона месохтанд, пулҳо бунёд менамуданд, дасти ҳамдигар мегирифтанд ва дигар мушкилоти худро бартараф мекарданд»,-афзуд Дилбар Одилзода.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода изҳор дошт, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» фаъолияти ҷамъиятӣ рушд намуда, дар айни замон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он ҳазорҳо нафар ҷавон ба ҳайси волонтёр муттаҳид гардида, дар барномаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда истодаанд. «Мактаби волонтёрӣ барои ҷавонон ҳамчун арсаи ба ҳам овардани имконият ва неруи созандаи онҳо ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятии манфиатбахш ва раванди худташаккулёбӣ мусоидат мекунад»,-гуфт дар идома.