
Имрӯз, 18 октябр дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» ба кори худ оғоз намуд. Дар он роҳбарону намояндагони сохторҳои соҳаи нақлиёту роҳ аз кишварҳои Узбекистон, Эрон , Россия, Туркманистан ва дигар давлатҳои дуру наздик, инчунин мутахссисону олимони соҳаи роҳу нақлиёти ватанӣ иштирок доранд.
Бино ба иттилои мухбири радиои “Овози тоҷик” Тахминаи Амониён, ҳамоишро Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, ҳайати меҳмонони хориҷиро ба кишвар хайрмақдам гуфт ва оид ба ҳадаф ва баргузории конфронс маълумоти муфассал дод. Номбурда конфронсро ҳадафрас хонда, афзалияти онро дар рушди нақлиёти кишвар муҳим донист.
Сипас, вазири нақлиёти Узбекистон Маҳкамов Илҳом ва муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Исломии Эрон тариқи маҷозӣ баромад намуданд.
Ҳамоиши сатҳи баланд идома дошта, дар давоми он иштирокдорон дар бахшҳои танзими фаъолияти давлатии таъмини логистика дасовардҳои илмӣ ва амалии фаъолияти логистика, таълим ва тарбияи мутахассисон оид ба таъминоти логистикӣ, рақамикунонии инфрасохтори логистика, мушкилоти ташкил ва инкишофи техникаи логистика, таҷрибаи пешрафти ширкатҳо ва марказҳои нақлиётию логистикӣ, «Бонувон дар логистика: воқеият ва назар ба оянда — имкониятҳои захираи кадрии соҳа» тариҷи ҳузуриву маҷозӣ маъруза пешниҳод хоҳанд намуд.
Интизор меравад, ки дар доираи кори Конфронс истифодаи Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ (GTrD) аз истгоҳи Кӯлоби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» роҳандозӣ шавад.
Ҳамчунин, натиҷаи озмуни беҳтарин корхонаи нақлиётӣ эълон шуда, ғолибон бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.
Чорабинии мазкур ду рӯз давом мекунад. Ташаббускори он Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.