5 декабр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30- солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ конфернсия баргузор гардид. Дар он Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хонум Сезин Синаноглу иштирок намуд.
Бино ба иттилои ДМТ, пеш аз оғози конференсия Хонум Сезин Синаноглу бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. вохӯрӣ намуда, дар робита ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи илмию таълимии ҶТ бо СММ табодули афкор намуданд.
Сипас, дар толори калони донишгоҳ ҳамоиш доир гардид, ки дар оғоз Ректори донишгоҳ оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки СММ – созмон бонуфузи байналмилалӣ мебошад ва бо мақсади таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон ва рушди ҳамкорӣ миёни давлатҳо соли 1945 таъсис ёфтааст. Намояндагии аввали СММ – Дафтари нозирони ин Созмон дар Тоҷикистон 1 феврали 1993 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд.
Баъдан Ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҶТ Хонум Сезин Синаноглу дар мавзуи “30 соли узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Мутаҳид” суханронӣ кард.
Дар идомаи нишаст аз ҷониби устодону донишҷӯён ба Хонум Сезин Синаноглу дар робита ба фаъолияти созмон саволҳо дода шуд ва аз ҷониби меҳмон ҷавобҳои қаноатбахш сурат гирифт.
Дар охир аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ҳамчун рамзи дӯстӣ ба Хонум Сезин Синаноглу туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.