Президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай пас аз яку ним соли манъи сафарҳои хориҷӣ аз сӯйи ҷунбиши «Толибон»* бори нахуст ба хориҷ сафар кардааст, — иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ Ҳомид Карзай ба Олмон рафтааст. Гуфта мешавад, ки ӯ барои табобат сафар кардааст.
Ҷунбиши «Толибон»* чанде пеш эълон карда буд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай дар хонаашон бандӣ шудаанд ва инак ӯ озими сафари хориҷӣ шуд.