Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Амид Комилбек ва омӯзгорон Ольга Сайфуллоева, Таҳмина Содаткадамова, Анбоз Давлаткадамов дар нуҳумин ҷаласаи лоиҳаи HiEdTec (Modernization of Higher Education in Central Asia through new technologies), ки дар се донишгоҳи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, иштирок карданд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони консорсиуми лоиҳа аз 4 донишгоҳи Итиҳолияи Аврупо Донишгоҳи Русеи Булғористон, Донишгоҳи Павиаи Италия, Донишгоҳи Коимбраи Португалия, Донишгоҳи Люксенбурги давлати Люксенбург ва 15 донишгоҳ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок карданд.
Дар рафти ҷараёни ҷаласа ректори донишгоҳ суханрони карда ба координатори ин лоиҳа ва ташкилкунандагон изҳори сипос намуданд. Инчунин ба ҳамаи ректорони донишгоҳҳо аз наздик суҳбат намуда онҳоро ба ҳамкори байни донишгоҳҳо даъват намуд.
Бо мақсади беҳтар намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва таҳқиқоти илмӣ байни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо роҳбарии ректор дотсент Амид Комилбек ва Донишкадаи мошинсозии Андиҷон бо роҳбарии ректор профессор Умид Турдиалиев созишнома имзо гардид.
Аз рӯи маърӯзаи ҷаласа ҳамоҳангсози лоиҳа Давлтақадамов Анбоз оиди иҷрои фаъолияти лоиҳаи HiEdTec дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев суханрони кард. Инчунин Ольга Сайфуллоева натиҷаи фаъолияти лоиҳаи HiEdTec – ро таҳлил карда ба он баҳои баланд гузошт ва консортсиумро оиди дарёфти лоиҳаи нав даъват намуд.