
Варзишгарони Тоҷикистон аз Чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу 9 медал, аз ҷумла 5 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон хабар дод.
Медалҳои тиллоро дар ҳайати Тоҷикистон Шаҳром Маҳмуродов дар вазни 55 кг, Шаҳбоз Мирзоев дар вазни 60 кг (2 адад) ва Абдураҳмони Баҳромҷон дар вазни 75 кг (2 адад) ба даст оварданд.
Сомон Турсунзода дар вазни 25 кг ва Сефиев Қосимҷон дар вазни 70 кг соҳиби медалҳои нуқра гардида, Муҳаммад Шерализода дар вазни 30 кг ва Шаҳром Маҳмуродов дар вазни 55 кг медалҳои биринҷиро сазовор шуданд.
Чемпионати мазкур аз 13 то 18 декабри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуда, дар он 880 нафар варзишгарон аз 65 давлат иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 нафар варзишгарон намояндагӣ карданд.