Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо дар Донишкадаи омӯзишҳои фарҳанги шарқии Донишгоҳи Гакушини Токио муаррифӣ шуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов бо муҳаққиқу коршиносон аз гӯшаву канори Япония вохӯрӣ намуда, дар бораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои Тоҷикистону Япония, вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, имкониятҳои сармоягузорӣ баромад намуд.
Дар баробари ҳозирини чорабинӣ, инчунин беш аз бист муҳаққиқу коршиносон Япония ва берун аз он ба таври маҷозӣ низ ҳузур доштанд. Пас аз фарҷоми маърӯза, Сафир ба суолҳои сершумори муҳаққиқон ва коршиносон посух дод.