
31 августи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Серена”-и ш. Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи “Моҳи амалиёти иқлими сабз” дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) мизи мудаввар дар мавзӯи “Иқтидори рушди ҳамкориҳои байнисарҳадӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомотҳои дахлдори давлатӣ аз ду кишвар иштирок доштанд. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик” Мирсаиди Хайрулло дар такя ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Сӯфиҷон ҳусни оғоз бахшид. Аз ҷумла, қайд гардид, ки чорабинии имрӯза идомаи чорабиниҳои амалӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии самараноки табиат, ки 2 июни соли 2022 зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ш. Тошканд ба имзо расида буд, ба ҳисоб меравад.
Намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Маҳмудов зимни суханронӣ қайд намуд, ки кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои якчанд конвенсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ, конвенсияҳои Бонн ва Ромсар ҳастанд. Дар шароити тағйирёбии иқлим кишварҳои моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳо, ландшафтҳо ва олами набототу ҳайвонот саъю талош намоем. Ба натиҷаҳои назаррас танҳо дар асосии ҳамкории минтақавӣ метавон ноил гашт.
Пас аз маросими муқаддимавӣ мутахассисони тоҷик бо ҳамтоёни ӯзбекистониашон дар бораи ҳолати мамнӯъгоҳҳои кишварҳо ва дурнамои барои ҳамкориҳои байнисарҳадӣ изҳори назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар идомаи сафари кории меҳмонон, ки аз 31 август то 3 сентябр идома мекунад, мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Парки табиӣ таърихии Ширкент сафар карда, меҳмононро бо ҳолати он ошно мекунанд.