Рӯзҳои 18-19 декабри соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи Шӯрои осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он директорони осорхонаҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат доштанд. Дар ин бора Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар ҷаласаи мазкур ширкат ва дар мавзуи “Дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ” маърӯза намуд.
Мавсуф дар маърӯзаи хеш баён намуд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон миёни осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ дар бисёр бахшҳои фаъолияти осорхонавӣ пешгом буд, аз ҷумла, нахустин шуда сайрҳои маҷозӣ, онлайнӣ ва “Онлайн Парад”-ро баргузор кардааст.
Ҳамчунин Осорхонаи миллии Тоҷикистон миёни осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ нахустин шуда ба “Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ” (ИККРОМ) аъзо гардид ва ҳамасола шумораи зиёди чорабиниҳои мухталифро ташкил ва баргузор менамояд.