Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар вохӯрии сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии “Олмон — Осиёи Марказӣ ва Муғулистон” дар Бундестаг ширкат варзид.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, дар мулоқот Имомудин Сатторов ҳамкориҳои судмандро бо Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушду тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи дуҷониба байни кишварҳо муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ин росто, Сафири Тоҷикистон ба тавсеаи ҳарчи бештари робитаҳо дар самти пешбурди дипломатияи парлумонӣ дар марҳилаҳои баъдӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.