
Содироти маҳсулот аз вилояти Суғд дар 11 моҳи соли равон 948 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 408,9 миллион доллар ё 1,8 баробар зиёд мебошад.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд, содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 340,0 миллион доллар афзоиш ёфта, маъдан ва консентрат ба маблағи 624,2 миллион доллари ИМА содирот шудааст.
Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 83428 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 696082 тонна семент ба маблағи 21,6 миллион доллари ИМА содирот шудааст.
Ба маблағи 20,57 миллион доллари ИМА 1330 тонна либосворӣ низ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 3,4 миллион доллари ИМА ва 248 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст. Илова бар ин, ба маблағи 1,77 миллион доллар 536 тонна калобаи пахтагин содирот шудааст.
Дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 36,7 миллион доллари ИМА 128193 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 13,5 миллион доллар зиёд аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилояти Суғд бо молҳои аввалиндараҷа ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, инчунин, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.