Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии корхонаи муштараки «Зарафшон» Жан Яомин вазъи корҳои сохтмонии корхонаи нави металлургӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои корхона мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 9 моҳи соли равон дар корхона ба маблағи 3 миллиарду 406,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Дар корхона 2566 нафар коргарон фаъолият дошта, маоши хуб мегиранд.
Раиси вилоят таъкид кард, ки саҳми корхона дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳру вилоят назаррас буда, бояд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли гузашта зиёд карда шавад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар аз ҷониби корхонаи муштараки «Зарафшон» корхонаи нави металлургӣ бунёд гардида истодааст, ки то имрӯз 95 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудааст.
Барои корхонаи нав таҷҳизот ва техникаву технологияҳои муосир харидорӣ ва дастрас гардида, дар назар аст, ки корхонаи нав ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои корхонаи саноатӣ ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда дар истеҳсолот ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ибрози назар намуданд.