Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони Бонки содиротию воридотии Корея Ҷанубӣ бо роҳбарии директори Барномаи ҳамкориҳои иқтисодию инноватсионии Эксимбонк Инкю Ҷо мулоқот доир намуд.
Тавре радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масоили татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишвар дар соҳаи нақлиёт, бахусус сохтмони минбаъдаи роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибҳо аз ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷониби Бонки кореягӣ ҳавасмандии худро барои кӯмак дар таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии роҳи оҳани мазкур иброз намуда, қайд кард, ки дар ин самт корбарӣ бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.