Кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона Паёми Роҳбари давлатро мустақиман тамошо намуданд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии худро, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифта шуда буд, ирсол карданд.
Он тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизион ва радиоҳо ба таври мустақим пахш гардида, дар тамоми вазорату идораҳо, муасисаҳои таҳсилотии олию миёна ва дигар марказҳои ҷамъиятӣ дастаҷамъона тамошо ва гуш намуданд.