19 январ дар шаҳри Остона директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов мулоқот намуд. Зимни мулоқот тарафҳо масъалаи тавсеаи робитаҳои илмии тадқиқоти стратегии ҳарду давлатро баррасӣ намуданд.
Тавре радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқот директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов ҳамкорӣ ва тавсеаи робитаҳои илмии Қазоқистонро бо Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон арзишманд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамкорӣ дар ин самт минбаъд низ густариш меёбад.
Хайриддин Усмонзода вобаста ба мавқеъгирии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.
Ҷонибҳо доир ба самтҳои сиёсати хориҷӣ ва амният, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтор, фарҳанг ва гуманитарӣ, ҳифзи муҳити зист, инчунин роҳҳои асосии тараққиёти инсоният дар давраи миёнамуҳлат суҳбат намуданд.