Тоҷикистон ба 52 кишвари ҷаҳон маҳсулот содирот намудааст. Содироти бештари маҳсулоти саноатӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Швейтсария, Белгия, Хорватия, Италия ва дигар кишварҳои ҷаҳон рост меояд.
Тавре ки Беҳруз Фируззод, сардори Раёсати муносибатҳои беруна, маркетинг ва лагистикаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Абдуфаттоҳи Абдурауф хабар дод, сохтори содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар тибқи маълумотҳои гумрукӣ дар соли 2022 асосан аз ҳисоби фурӯши сангу филизоти қиматбаҳо,маъдану консентратҳо, алюминийи аввалия, нахи пахта, қувваи барқ, семент, риштаи пахтагӣ, сурма ташаккул ёфтааст.
Қисми назарраси содироти маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби содироти маъдану консентратҳо, аз ҷумла: консентрати мисӣ, консентрати сурбӣ, консентрати руҳӣ, филизоти ишқорӣ, консентрати сурма ва дигар маъдану консентратҳо ба амал омадааст.
Инчунин, дар ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи 10 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла пиёз, меваи хушк, ангур, сабзӣ, олу, зардолу, карам, арахис бо пустлох ва тозакардашуда, хурмо ва лимон рост меояд. Аз ҳама зиёд маҳсулоти кишоварзӣ ба ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Руссия, Покистон, Афғонистон, Ироқ, Узбекистон, Беларус, Туркия, Украина ва Олмон содирот шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёти кишвар аҳамияти калон дошта, динамикаи он ба бунёду инкишофи корхонаҳои истеҳсолии соҳаи саноату кишоварзӣ, вазъи бозори ҷаҳонии молу маҳсулоти гуногун, муносибатҳои сиёсӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ бо шарикони тиҷоратии хориҷӣ ва дигар омилҳо бевосита алоқаманд мебошад.