Вогузор шудани Афғонистон аз тарафи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳампаймононаш ба гурӯҳи тундрав ва ифротии Толибон пардаро аз рӯи асрори бозиҳои хунини абарқудратҳо дар гӯшаву канорҳои ҷаҳон бардошт ва паҳлӯҳои барои ҷомеаи ҷаҳон мубҳами масъаларо комилан равшан кард.
Суқути Кобул бо мусоидат ё ба таъбири дигар мудирияти ғайримустақими ИМА ва мавзеъгирии барои ҷомеаи ҷаҳон ғайричашмдошти абарқудратҳои дигар ва кишварҳои манфиатдори ҷаҳон нисбат ба Толибон ва Афғонистон ин нуктаро возеҳу ошкор сохт, ки барои абарқудратҳо муҳимтар аз ҳифзи сулҳу суботи ҷаҳон ҳифзи манофеи геополитикии худи онҳо мебошад. Албатта, ин масъала барои коршиносон ва аҳли тадқиқу назар қаблан ҳам маълум буд, вале ҳоло онро дигар ҳар фарди ғайриҳирфаӣ низ ба хубӣ медонад.
Хуруҷи Амрикоро аз Афғонистон доираҳои сиёсӣ ва коршиносии ҷаҳон “ғайримасъулона” тавсиф карданд. Зеро хуруҷи неруҳои Амрико ва блоки НАТО аз ин кишвари ҷангзада тибқи нақша ва гуфтушуниду қарордодҳои пешакии тарафҳо бояд бо ташкили як ҳукумати ҳамашумул бо дарназардошти шомил намудани намояндагони ҳамаи қавму миллатҳои кишвар ва ҳизбу ҳаракатҳои фаъол бо ҳадафи қатъи ҷанги таҳмилӣ дар Афғонистон хатм мешуд. Вале фирори Ашраф Ғанӣ – раиси собиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз кишвар ба қавле ҳамаро “ғофилгир” кард ва ин имконро фароҳам овард, ки Толибон ба ҳайси ғолиби мутлақи ҷанг Афғонистонро ба ғайр аз вилояти Панҷшер ишғол кунанд.
Инҷо буд, ки абарқудратҳои ҷаҳон мавзеъгириҳои шадид ва қатъии худро тайи беш аз ду даҳа нисбат ба Толибон “фаромӯш” карда, бо чеҳраҳои комилан дигар ва мавзеъгириҳои ғайричашмдошт вориди фазои таблиғотии нав шуданд. Овозаҳо ва шоеъаҳое зиёд расонаӣ шуд, ки “толибон дигар толибони бист сол пеш нестанд. Онҳо ба тарафи хубӣ тағйир ёфтаанд”. Вале чанд рӯз ҳам тӯл накашид, ки Толибон дар амал нишон доданд, ки аслан ҳеҷ тағйире накардаанд ва як ҳукумати инҳисорӣ, ғайритахассусӣ ва такқавмии толибониро таъсис дода, ҳама гуна тааҳҳудоти ба зиммаашон дошта, қонунҳои байналмилалӣ ва усулҳои исломиро дар мавриди ташкили давлат, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва қавму миллатҳои кишвар зери пой гузоштанд.
Бадтар аз рафтори Толибон сукут ва беамалии ҷомеаи ҷаҳон, хусусан кишварҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалӣ ҳангоми ҳуҷуми толибон ба вилояти Панҷшер, қатли омми аҳолӣ, наслкушии миллатҳо ва қавмиятҳои ғайрипаштун, саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти осоиштаи мардуми Афғонистон, бахусус занон дар Кобул ва шаҳрҳои дигар, дастгирӣ ва шиканҷаи бераҳмонаи рӯзноманигорон, интиқомҷӯӣ аз рақибони пешин ва тирборон намудани онҳо бе мурофиаи додгоҳӣ, поймол намудани ҳуқуқи занон ва садҳо мавридҳои дигари нақзи ҳуқуқи башар буд. Ҷаҳон танҳо тамошобини ин ҳама фоҷиа буд.
Ягона давлате, ки бо мавқеи возеҳу равшан ва бар асоси қонуну санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, риояи принсипҳои эътирофшудаи муносибатҳои байналмилалӣ садо баланд кард, Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Муҳаммад Қурайшӣ, ки барои сару сомон додани кори ҳукумати толибон ба кишварҳои минтақа ба сафар баромада буд, дар Душанбе 25 августи соли равон (2021) иброз намуданд, ки имрӯз яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ вазъи кунунии Афғонистон мебошад. Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд ва чун ҳамсояи наздик ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад. Сарвари давлати Тоҷикистон дар ин мулоқот таъкид намуданд, ки “барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи зудтар як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 дарсади мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Баъдан дар сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад. Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард”.
Имрӯз ҳар абарқудрат ва кишвари манфиатдор мехоҳад аз вазъи баамаломада дар Афғонистон ба манфиати худ баҳраҷӯӣ намояд. Вазъияти кунунии Афғонистон бори дигар бо сароҳат нишон дод, ки абарқудратҳо дар ҳар нуқтаи доғи ҷаҳон ва дар ҳар ҳолат танҳо ба дунболи манофеи геополитикии худашон ҳастанд. Кишварҳое, ки то дирӯз Толибонро гурӯҳи террористӣ ва мамнӯъ медонистанд, имрӯз онро “як воқеият” арзёбӣ мекунанд ва дар садади ба роҳ мондани муносибатҳои гуногунҷанба бо Толибон мебошанд. Аммо воқеият ин аст, ки ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ва ба даст гирифтани техника, таслиҳот ва таҷҳизоти артиши пешини Афғонистон, ки арзиши он тибқи баъзе гузоришҳо ба 85 миллиард доллар баробар аст, таҳдиди мустақим ва бечунучаро ба амнияти ҷаҳон, минтақа, бахусус Тоҷикистон аст. Ва таҳдиди аз ин бузургтар ба минтақа интишори ақидаҳои ифротгароии диниест, ки Толибон бо эълони “аморати исломӣ” ва “амирулмуъминин” эълон намудани сарварашон, ба вуҷуд овардаанд. Бинобар ин, қабл аз ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар доштани муштаракоти фарҳангию динию забонӣ бо Афғонистон метавонад ҳадафи таҳоҷуми мафкуравии Толибон қарор гирад. Аз ин рӯ, моро зарур меояд, ки дар муқобили ин таҳдид чораҳои амалӣ ва бетаъхир биандешем. Зеро воқеаҳои ахири Афғонистон ва қабл аз ин Ироқу Сурияву Яман нишон доданд, ки абарқудратҳо бо мудирияти ғайримустақими гурӯҳҳои сиёсӣ ва тундрави исломӣ ба дунболи манофеи геополитикии худ мебошанд.
Барои ин қабл аз ҳама ва бо истифода аз ҳамаи имконоти мавҷуда шиносонидани чеҳраи аслии гурӯҳҳои тундрави ифротӣ, хусусан Толибон ба мардум шарт ва зарур аст. Зеро дар миёни мардуми мо нафароне зиёданд, ки аз толибон тасаввуроти дуруст ва иттилооти кофии саҳеҳ надоранд. Ин тасаввур низ дар миёни қишри ноогоҳ вуҷуд дорад, ки гӯё толибон муқобили истибдоди абарқудратҳои ҷаҳон меҷанганд ва ҳадафашон дар амал ҷорӣ намудани шариати Ислом аст. Бинобар ин, қишри ноогоҳ чунин мепиндорад, ки расонаҳои кишварҳои ҷаҳон, ки аксаран давлатҳои дунявӣ мебошанд, ба муқобили Толибон таблиғот мебаранд ва сафедро сиёҳ мегӯянд.
Амалкарди ҳар ҳизбу гурӯҳ бояд бо ойинномаи он санҷида ва арзёбӣ карда шавад. Толибон, ки худро ҳаракати исломӣ медонанд, амалкардашон бояд бо се марҷаъи қазоват, яъне Қуръон, суннат ва иҷмоъи уммат арзёбӣ шавад, ки то куҷо онҳо бо аҳкоми илоҳӣ, суннати набавӣ ва иҷмоъи уммат пойбанданд ва то куҷо онро риоят мекунанд?
Бояд тазаккур дод, ки Толибон ҳама чиро аз даричаи шариати Ислом мебинанд, аммо дар ҳақиқат бар хилофи аҳкоми шаръӣ, омӯзаҳои динӣ ва иҷмоъи уммат амал менамоянд. Тибқи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ агар роҳбари давлат мусулмон бошад, аҳкоми шариатро дар умури давлатдорӣ ба иҷро гузорад ва аз вай куфри возеҳе дида нашуда бошад, ба муқобили вай шӯриш ё ҷанг намудан ба истилоҳи шаръӣ “бағоват”, яъне нофармонӣ ва шӯриш дониста мешавад. Дарвоқеъ, Толибон вақте бар зидди ҳукумати қонунии Бурҳониддини Раббонӣ ҷангиданд, ҳеҷ далели шаръӣ барои ҷанг надоштанд, зеро давлат исломӣ буду роҳбараш як шахси мусулмони фозил. Бинобар ин, дар ҳамон навбати аввали ба ҳукумат расиданашон ҳукумати гурӯҳи Толибон номашрӯъ ва худашон тибқи мавозини ислом истилоҳан “гурӯҳи боғӣ”, яъне “саркаш, нофармон, золим ва шӯришӣ” маҳсуб мешуданд ва онҳо ҳамин гуна боқӣ монданд. Толибон ҳеҷ гоҳ наметавонанд барои ин ҷанги номашрӯъи худ ва куштани мардуми мусулмон аз Қуръон ва суннат ҳатто як далели қонеъкунанда биёранд.
Иддаъои Толибон барои ҷанг бо ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ ин буд, ки дар давлат фасод вуҷуд дорад. Бояд таъкид кард, ки масъалаи фасод як баҳси ихтилофӣ дар байни ду тараф буд, на масъалаи куфру имон, ки боиси ҷангу хунрезӣ ва сарнагунсозии давлат шавад. Бинобар ин, Толибон тибқи дастури Қуръон масъалаи ихтилофиро бояд дар доираи Қуръон, суннат ва иҷмоъи мусулмонон медиданд, на дар қазовати ифротии яктарафа, ҷангу рехтани хуни мусулмонон ба ноҳақ ва хароб кардани кишвар. Қуръон мефармояд: “Ва чун дар коре ихтилоф кардед, агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доред, ба Худову пайғамбар руҷӯъ кунед” (Нисо, 59). Яъне ба Қуръон ва суннат рӯ биёред, ки дар масъалаҳои ихтилофӣ байни мусулмонон чи ҳукме муқаррар кардааст. Оё Толибон ба ин дастури Қуръон амал карданд? Маълум аст, ки накарданд, балки хилофи он амал карданд. Пас, онҳо худашон то куҷо аз Худову расул итоат мекунанд!? Чаро мардумро бар хилофи ояти Қуръон ба иҷрои аҳкому аркони дин маҷбур мекунанд? Магар Қуръон нафармудааст, ки “Дар дин иҷбор нест”? Магар Паёмбари акрам (са) нафармудааст, ки ҳамаи амалҳо вобаста ба ният мебошад? Оё касе аз ибодати иҷборӣ метавонад савоб ҳосил кунад ва вориди биҳишт шавад?
Амали хилофиқуръонии дигаре, ки Толибон беш аз 25 сол онро пайваста анҷом доданд, куштани мардуми мулкӣ дар ҷангҳои рӯёрӯй ва ё дар амалҳои интиҳорӣ мебошад, ки мардуми бегуноҳро дар кӯчаву бозору масҷиду ҳар ҷои дигар тавассути маводи тарканда мекуштанд. Агар онҳо воқеан пайрави Қуръон ва суннат мебуданд, ба аҳкоми Қуръон ва тавсияҳои Паёмбари акрам (са) амал мекарданд. Қуръон мефармояд: “Ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром кардааст, ба ғайри ҳақ накушед” (Анъом, 15), “Ва ҳар кас муъминеро барқасд бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гираду лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад” (Нисо, 93).
Поймол кардани ҳаққи занону духтарон барои кор ва таҳсил низ комилан ба Қуръону суннат дар мухолифати ошкор қарор дорад. Зерро талаби илм барои ҳар мард ва зани муъмин фарз мебошад ва ҳамсари Паёмбари акрам (са) ҳазрати Хадиҷа ба кори тиҷорат машғул буд ва ҳамсари дигари эшон ҳазрати Оиша ба мардум таълими дин медоду ҳадис ривоят мекард.
Ин чанд мисол барои намуна оварда шуд. Тавре мебинем, дар рафтору кирдори Толибон садҳо мавриди тундравӣ ва баромадан аз ҳадди шаръӣ мавҷуд аст. Онҳо пас аз ишғоли Кобул дар бузургтарин амри мусулмонон, ки ташкили давлат аст, бар хилофи ояти 38 сураи Шӯро, ки мефармояд: “… ва корашон бар пояи машварат бо якдигар аст”, амал намуда, ҳаққу ҳуқуқи қонунии миллату қавмҳо ва қишрҳову гурӯҳҳои дигари сиёсии Афғонистонро поймол карданд. Бинобар ин, “аморати исломӣ”-и Толибон ҳеҷ гуна машрӯъияти динӣ надорад ва бо қонунҳои эътирофшудаи байналмилалӣ низ мухолиф мебошад.
Толибон дини мубини Исломро ҳамчун пардае барои пӯшонидани ҳадафҳо ва амалҳои миллатгароёнаи худ, ки ҳамоно паштунисозии ҳукумати Афғонистон ва ба инзиво рондани қавму миллатҳои ғайрипаштун, хусусан тоҷикон аз умури давлатдорӣ мебошад, истифода мебаранд. Ин нукта чанде пеш дар суханронии Сарвазири Покистон ҷаноби Имронхон, ки яке аз тарафҳои аслии манфиатдор дар толибонӣ шудани Афғонистон мебошад, аз минбари СММ ошкоро баён гардид. Имронхон зимни даъват аз кишварҳои ҷаҳон барои тақвият додани ҳукумати Толибон изҳор дошт, ки “Паштунҳои Афғонистон ва Покистон бо Толибон иртиботи қавӣ доранд, аммо на ба хотири Ислом, балки ба хотири миллатгароӣ”. Мавриди зикр аст, ки ҳоло ҳамаи мақомҳои Покистон аз минбарҳои сатҳи гуногун “сухангӯи Толибон” ва “вазири корҳои ориҷии Толибон” шудаанд. Покистоне, ки то ишғоли Афғонистон тавассути Толибон ба қавли худи афғонҳо “ҳар чи қадар ханҷаре, ки дошт, бар бадани Афғонистон зад”, ҳоло ба “холаи меҳрубон”-и Афғонистон табдил ёфтааст.
Бо таваҷҷуҳ ба воқеаҳои фоҷиабори Ироқу Сурияву Яман возеҳу ошкоро маълум аст, ки абарқудратҳо бо самтдиҳии мустақим ва ғайримустақими гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар ин ё он ҷои ҷаҳон танҳо ҳадафҳоеро дунбол мекунанд, ки ба манфиати худи онҳо хатм мешавад. Ишғоли Афғонистон тавассути гурӯҳи террористӣ ва тундрави Толибон низ аз роҳандозии як лоиҳаи нав аз тарафи абарқудратҳо дар доираи ҷангҳои маҳдуди минтақавӣ дарак медиҳад. Ба шимоли Афғонистон, ба вилоятҳои Бадахшону Тахор интиқол шудани ҳазорон нафар ҷангиёни махсуси Толибон, ки аксарашонро интиҳориҳо ташкил медиҳад, моро водор месозад, ки ба ҳар рухдоде омода бошем. Бинобар ин, тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, мо набояд зиракии сиёсиро аз даст бидиҳем. Ҳамаи моро зарур аст, ки ҳамватанону ҳамзабонону ҳамдинони худро аз фитнаи бузурги Толибон огоҳ созем, то онҳо фиреби диндории Толибонро нахӯранд ва бидонанд, ки байни дини Ислом ва ақидаҳои тандравонаю амалҳои хушунатбори Толибон фарсахҳо фосила вуҷуд дорад.
Раҳмоналӣ МИРАЛИЗОДА,
корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон