Дирӯз, 20 октябри соли ҷорӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ализода ҳайати роҳбари Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар (ТИКА) Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Эрбирро ба ҳузур пазируфта, барои дастгирӣ ва саҳми арзандаи ТИКА дар рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон изҳори миннатдорӣ намуд.
Зимни мулоқот А. Ализода оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ, раванди ислоҳоти соҳа, тақвияти заминаи моддӣ – техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва гузариш ба низоми рақамӣ, аз ҷумла таҳияи Барномаи махсуси компютерӣ (низоми тестӣ) барои мониторинги сифати таълим, ки барои иҷрои ҳадафу вазифаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 равона гардидаанд, маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки Барномаи мазкур барои муайян намудани сифати таълим ва дониши хонандагони муассисаҳои таълимии системаи вазорат ва шаффофияти он, инчунин ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи болозикр мусоидат менамояд.
Дар рафти вохӯрӣ рӯнамои Барномаи махсуси компютерӣ (низоми тестӣ) ба ҳозирин пешниҳод гардида, ҷаноби И. Эрбир оид ба самтҳои ҳамкории минбаъда таваҷчуҳ зоҳир намуд. Дар ин раванд ҷонибҳо паҳлуҳои масъаларо вобаста ба харидорӣ ва насби Барномаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таъсиси марказҳои алоҳида дар ҳар як муассиса, таъминоти муассисаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, таҳияи барномаҳои тахассусӣ ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои мутахассисони муассисаҳои таълимӣ баррасӣ намуда, ибрози назар карданд.
Дар фарҷом ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ карда, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла роҳандозии Барномаи махсуси компютерӣ (низоми тестӣ) дар муассисаҳои таълимии системаи вазорат умедворӣ намуданд.