Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи тарафҳо рӯзҳои 13 – 20 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Вохӯрии навбатии тарафҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.