19 январи соли 2023 дар шаҳри Остона вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо раиси Идораи ҶС «Ширкати суғуртавӣ-содиротӣ «KazakhExport» Аслан Калигазин баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ имкониятҳои содиротӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика, сохтмон инчунин логистика баррасӣ намуданд.