18 январ роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони «Kahramanmaraş EXPO 2023»-и Туркия боздид намуда, бо раванди корҳои сохтмонӣ дар павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайдар Раҷабов ва Раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов бо мақсади пайгирии масъалаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023» ба шаҳри Қаҳраманмараши Туркия рафтанд.
Онҳо бо роҳбарияти ноҳияи Оникишубати вилояти Қаҳраманмараш вохӯрда, аз раванди омодагӣ ба баргузории EXPO 2023, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ дар павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO2023» аз 23 апрел то 31 октябри соли равон дар ноҳияи Оникишубати Туркия доир карда мешавад.