
Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон 11 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Беларус баргузор мегардад. Дар форум масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар баррасӣ хоҳанд шуд. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои “Овози тоҷик” хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи ҳамоиш маҳсулоти истеҳсолкунандагони Ҷумҳурии Беларус “Made in Belorus” ба намоиш гузошта мешаванд. Инчунин, дар он имкониятҳои сайёҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд. Соҳибкорони Тоҷикистон метавонанд дар формати b2b бо намояндагони ширкатҳои ширкаткунанда музокирот анҷом диҳанд.
Ташаббускорони чорабинӣ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистону Беларус ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Мақсад аз гузаронидани форуми мазкур истифодаи самараноки таҷрибаи кишварҳои ҳамдигар, муҳайё намудани шароит барои рушди соҳибкориву тиҷоратӣ, ташвиқу тарғиби имкониятҳои иқтисодии ду кишвар мебошад.