Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Ноиби раиси Палатаи савдо ва саноати Қатар Рошид бин Ҳамад ал-Азба вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре ки радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Қатар ва роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкории мутақобилан судманди бахшҳои хусусӣ ва дигар доираҳои алақаманди ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва сармоягузориҳо баррасӣ шуданд.
Дар ин замина ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соли 2023 анҷуманҳо ва нишастҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро дар шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа танзим хоҳанд кард.