Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов 28 январ суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Озорбойҷон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатиро мавриди муҳокима қарор дода, доир ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо табодули афкор намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат инчунин масъалаҳои мубрами муносибатҳо байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон баррасӣ шуд.