
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Роҳбари идораи сармоягузории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Туркия Аҳмет Бурак Давлиоғлу вохӯрӣ намуд. Мулоқоти ҷонибҳо имрӯз 4 январ сурат гирифт. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла имкониятҳои ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо суҳбати судманд барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.