Китоби нави шоири тоҷик Гулноз Тоҳириён таҳти унвони «Парандаҳои махмалӣ» дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯнамоӣ гардид.
Қаблан ин китоби шоири тоҷик дар Амрикову Эрону Маскав нашр шуда, ҳаводорони зиёд дарёфтаанд. Ба ғайр аз ин, соле қабл китоби ӯ бо унвони «Отблеск в ракушке » (“Шуълае дар садаф”) дар шаҳри Маскав нашр гардид.
Бояд гуфт, Гулноз аз ҷумлаи он суханваронест, ки ба Ватан ва ҷашни Истиқлолу Рӯзи Ваҳдати миллӣ робитае махсус дорад, чун солҳо ба ҳайси котиби масъули шуъбаи вилояти Суғдии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият дошт. Номи ӯ барои хонандагону ихлосмандони шеъру сухани воло ва аҳли адаби чӣ дохил ва чӣ хориҷи кишвар дерест, ки ошност. Ҳар кас, ки ӯро мешиносад, аз фарҳанги баланду назокати гуфтору рафтори хосааш ҳарф мезанад.
Гулноз 13 феврали соли 1973 дар деҳаи хурдтарини ноҳияи Мастчоҳ — Хайробод ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш гирифта, сипас Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти форсӣ хатм кардааст.
Ӯ дар баробари назм дар наср низ маҳорат дошта, осораш ба якчанд забон, чун форсӣ, арабӣ, англисӣ, русӣ, узбекӣ, чинӣ ва фаронсавӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, ба монанди Амрико, Исроил, Русия ва ғайраҳо интишор шудаанд. Гулноз барои хизматҳояш дар рушди адабиёт барандаи Ҷоизаи ба номи Имом Хумайнӣ, Шаҳриёр (Эрон), ҷоизаҳои адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ ва чандин нишону медалҳо шудааст. Ӯ соли гузашта ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” сазовор шуд.
Шеъри нахустинаш дар соҳили баҳри Сиёҳ эҷод шудааст, ки он вақт 14 сол дошт. имрӯз бошад, аллакай ашъораш ҷаҳонгир шудааст.