Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар оғози мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» бо ҳамсолони худ аз Русия рақобат кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз ҳайати тими миллии мо Раббонӣ Камолов гол зад.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 7 феврал наврасони мо бо тими Беларус (U-16) бозӣ мекунанд. Ин дидор дар толори футболи Минск баргузор шуда, соати 17:40 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.